Маркази боздошти муваққатӣ дар вилояти Ленинград

Декабрь 23, 2014 11:33

Душанбе,  23.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Покизаи  Шодмон).- Дар  минтақаи  саноатии   ноҳияи Гатчинаи вилояти  Ленинград Маркази  нави  боздошти  муваққатии  шаҳрвандони  хориҷӣ кушода шуд.
Назар  ба  хабари дафтари матбуоти Хадамоти  федералии муҳоҷирати  Русия,  дар  маросими  ифтитоҳи  маркази  мазкур сардори Раёсати Хадамоти  федералии муҳоҷирати  Русия дар  Санкт — Петербург  ва вилояти  Ленинград  Елена  Дунаева ва  губернатори  вилояти  Ленинград  Александр  Дрозденко  ширкат  доштанд. 
Ба  гуфтаи  манбаъ, маркази  нав  дар давоми  чор  моҳ  бунёд  шудааст. Дар  ин  ҷо  дар  як  вақт  то 76  нафар   шаҳрвандони  хориҷӣ, ки  бояд  аз  Русия  ихроҷ  шаванд,  нигоҳ  дошта  мешаванд.
Назар  ба  гуфтаи   сардори Раёсати  муҳоҷирати  меҳнатии вилоят Елена  Дунаева,  маркази  мазкур «меҳмонон»  — и аввалинро  баъди  Соли нав  қабул  мекунад. 

Декабрь 23, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад