Маркази боздошти муваққатӣ дар вилояти Ленинград
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Дар минтақаи саноатии ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград Маркази нави боздошти муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ кушода шуд.
Назар ба хабари дафтари матбуоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар маросими ифтитоҳи маркази мазкур сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Санкт — Петербург ва вилояти Ленинград Елена Дунаева ва губернатори вилояти Ленинград Александр Дрозденко ширкат доштанд.
Ба гуфтаи манбаъ, маркази нав дар давоми чор моҳ бунёд шудааст. Дар ин ҷо дар як вақт то 76 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки бояд аз Русия ихроҷ шаванд, нигоҳ дошта мешаванд.
Назар ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати меҳнатии вилоят Елена Дунаева, маркази мазкур «меҳмонон» — и аввалинро баъди Соли нав қабул мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






