Маркази варзишии БМТ ифтитоҳ шуд
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — 24 декабри соли равон Бонки миллии Тоҷикистон Маркази варзиширо, ки пас аз тармими асосӣ ҳусни тоза ба худ гирифтааст, ба таври расмӣ ифтитоҳ намуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ дар чорабинӣ Раёсати БМТ, роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, намояндагони дахлдори мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияи Сино, кормандони масъули БМТ иштирок варзиданд.
Бояд гуфт, ки Маркази варзишии БМТ дорои толорҳои барҳаво ва замонавии тамрин аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили вазнбардорӣ, гимнастика, волейбол, баскетбол ва тенниси рӯи миз, ки бо таҷҳизоти зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз шудаанд, мебошад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик толорҳои нави машқ, аз ҷумла футбол ва дигар намудҳои варзиш омода ва пешкаши ҳаводорони ҳаёти солим гардонида мешаванд.
Маркази мазкур ҳамчунин имконият дорад, ки бо машқҳои варзишӣ ва беҳдошти саломатӣ сокинони пойтахтро низ фаро гирад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






