Маросими супурдани дастгоҳи робот ба ВКД ҶТ

Декабрь 1, 2014 11:56

Душанбе,  01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 28  ноябр   дар  бинои ОМОН — и  Вазорати  корҳои дохилии  ҶТ  маросими  аз ҷониби  сафорати  Амрико  дар  Тоҷикистон  супурдани таҷҳизоти  махсус  —  робот  барои безараргардонии  маводи тарканда  баргузор  гардид. 
Назар  ба  хабари  ВКД ҶТ,  дар  ин  маросим  муовини  вазири  корҳои дохилӣ  Умарзода Икром  Ислом  ва  муовини  сафири  ИМА  дар  Тоҷикистон  Роберт Бёрҷес  ширкат  доштанд.
Ёдовар  мешавем, ки  дастгоҳҳои  робот  барои  аз  масофаи  дур  безарар гардонидани  асбобҳои  таркандаю  худсоз  ва амнияти  кормандон ҳангоми   иҷрои   амалиёти  махсус  истифода  мешаванд.
Мутахассисони  ОМОН ба  ҳозирон  усули  безараргардонии  моддаҳои таркандаро  намоиш  доданд. Робот  аз  масофаи  дур ҳадафро  муайян ва  нест  карда,  вазифаи  худро  муваффақона  анҷом дод.

Декабрь 1, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид