Машқи якҷояи сарҳадбонони Тоҷикистону Афғонистон дар Анқара
Душанбе, 04.12.2014. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 20 нафар намояндагони Сарраёсати кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пулиси сарҳадии ВКД Ҷумҳурии Исломии Афғонистон давоми 10 рӯз дар шаҳри Анқараи Туркия машқ карданд.
Машқ дар мавзӯи «Идораи сарҳадот дар вазъияти бӯҳрономез» — ро Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират бо дастгирии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир созмон дода буд.
«Идораи сарҳад дар вазъияти бӯҳрономез бахши асосӣ барои расонидани ёрӣ ва дидани чораҳои дахлдор ҷиҳати идораи он дар давраи бӯҳронҳои гуманитарӣ ба шумор меравад, ки бар асари офатҳои табиӣ ё фалокатҳои техногенӣ аз қабили нороомии сиёсию ҳарбӣ рух медиҳанд», — гуфт корманди Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират Қимматшо Шоҳназиров.
Дар ҷараёни машқ мавзӯъҳои мухталиф аз қабили ҳуқуқҳои асосии муҳоҷирон, тарҳрезии фаъолият ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, идораи сарҳад дар вазъияти бӯҳрономез, одамрабоӣ ва роҳзанӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баррасӣ шуданд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати назорати сарҳади Сарраёсати кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Маҳмадӣ Мирзоев, машқҳои муштарак барои ҳар ду ҷониб муфиданд, зеро беҳдошти идораи сарҳад барои паст кардани сатҳи убури ғайриқонунии сарҳад, интиқоли маводи мухаддир, аслиҳа ва маводи радиоактивӣ зарур аст.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






