Машварат оид ба рушди чорводорӣ

Декабрь 11, 2014 13:59

Шаҳринав, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Дирӯз дар ноҳияи Шаҳринав дар мавзӯи «Модули баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ» семинар доир гардид. Дар ҷамъомад намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Виорел Гуту, намояндагони соҳаи чорводорӣ бо сарварии муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов ва чорводорони номии водии Ҳисор ширкат доштанд. Дар назди ҳозирин Зоҳир Мӯсоев, мушовири миллӣ дар мавзӯи «Татбиқ ва дастовардҳои лоиҳа», Қурбоналӣ Партоев дар мавзӯи «Топинамбур- рустании гуногунҷабҳа ва истифодашаванда» ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар машварат роҳҳои беҳтар кардани маҳсулнокии чорво, хизмати самарабахши байторӣ ва дигар роҳҳои  тараққӣ додани соҳаи чорводорию баланд бардоштан маҳсулнокии чорво мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Декабрь 11, 2014 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид