Машварати Азим Иброҳим бо роҳбарияти ширкати BOC «Bokhtar Operated Company»

Декабрь 1, 2014 16:23

 
Душанбе, 1.12.2014 (АМИТ «Ховар»).-20 ноябри соли  ҷорӣ дар бошишгоҳи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон машварати кории муовини Сарвазири ҶТ Азим Иброҳим бо намояндагони ширкатҳои BOC «Bokhtar Operated Company» ва BGP (CNPC, Total) баргузор гардид. 
Дар ҷаласа оид ба низоми риояи техникаи бехатарӣ зимни фаъолияти кормандон ва масъалаҳои тарзи ташкили корҳои сейсмоиктишофӣ, гузаронидани корҳои таркишӣ, ҷамъоварии нишондиҳандаҳо, натиҷаҳо, ба роҳ мондани таҳлили озмоишии онҳо  ва гузаронидани корҳои геофизикӣ маълумот пешниҳод гардид. 
Зикр шуд, ки ширкати “BGP” ворид намудани таҷҳизотро барои гузаронидани корҳои сейсмоиктишофӣ пурра ба итмом расонидааст. Дар айни замон дар бошишгоҳи  ширкати “BGP”, воқеъ дар ноҳияи Сарбанд барои таъмин намудани иҷрои корҳои банақшагирифташуда техникаю таҷҳизоти зерин мавҷуд мебошанд: вибраторҳо — 6 адад, мошинҳои боркаш — 30 адад, тракторҳо бо дастгоҳҳои пармакунӣ таҷҳизонидашуда — 6 адад, контейнерҳо бо таҷҳизот — 10 адад, қабулкунакҳои мавҷҳои сейсмикӣ- 5 адад, зарфҳои нигоҳдории маҳсулотҳои нафтӣ — 4 адад, мошин бо кабинаи операторҳо — 1 адад, чархболҳо -2 адад, дастгоҳи пармакунии КТ- 40 адад, мошинҳо бо шабакаҳои қабули мавҷҳои сейсмикӣ- 45 адад. Боиси қаноатмандист, ки ҷиҳати иҷрои корҳо дар бошишгоҳ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ коргарон ҷалб гардидаанд ва то ба имрўз шумораи умумии кормандони маҳаллӣ 617 нафарро ташкил медиҳад, ки ин баробар ба 90,7% аз шумораи умумии коргарон мебошад. 
Корҳои аксбардории топографӣ мувофиқи нақшаи кории ширкат амалӣ шуда истодааст. То имрўз 9668 нуқтаи таркиш ва 34827 нуқтаи қабул ба итмом расонида шудааст. Корҳои пармакунӣ дар ҳаҷми 5356 адад нуқта то чуқуриҳои 17-18 метр иҷро гардидаанд. То  санаи 20.11.2014 ҳаҷми корҳои сейсмоиктишофии саҳроӣ 23,6 км. тӯлониро ташкил медиҳад.
Муовини Сарвазир аз зарурати вусъат бахшидани корҳо ёдовар шуда, барои сифатан беҳтар намудани корҳои геофизикӣ ва сейсмоиктишофии саҳроӣ ва мақсаднок истифода бурдани сармояи пешбинишуда ба ширкатҳои шарикони ҳамкор, алалхусус ба роҳбарияти ҶСХММ “БОК” супоришҳои мушахас дод. Натиҷагирии ҳолати кунунии корҳои иҷрогардида қаноаткунанда арзёбӣ гардид. 
Муовини Сарвазир ба мутахассисони ширкати “BGP” тавсия дод, ки онҳо метавонанд маводи геологӣ, геофизикӣ ва сейсмоиктишофии қаблан дар бойгонӣ мавҷудбуда ва натиҷаи корҳои  ширкати  “АRKeX”-ро  бо мисоли корҳои градиентометрӣ, гравиметрӣ ва магнитомерии  дар ҳаҷми 15272 км2 гузаронидашударо таҳти омўзиш қарор дода, аз онҳо истифода баранд.  Ин метавонад сади роҳи такрор нагардидани баъзе корҳои ба анҷом расида гардад. Илова бар ин дар мавзеи Бохтар дар баробари ба роҳ мондани баҳодиҳии минтақавӣ вобаста ба релйеф баҳодиҳии мавзеиро низ васеъ истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. 
Дар интиҳои мулоқот муовини Сарвазир ба Вазорати энергетика ва хоҷагии об, ҶСХММ “БОК” ва ширкати “BGP” супориш дод, ки мунтазам вобаста ба корҳои ба анҷомрасонидашуда ва корҳои ба нақшагирифташуда маълумотро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намоянд.
 
 
 

Декабрь 1, 2014 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад