Мавқеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал

Декабрь 23, 2014 11:36

Душанбе,  23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи  мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  оид ба  футзал  аз рӯи  раддабандии дастаҳои   мунтахаби  ҷаҳон бо  900  хол  дар  ҷойи 58 — ум  қарор  дорад.
Тавре  ки аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд, дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  дар  байни  кишварҳои  пасошӯравӣ  мақоми  11 -умро  касб  намуда,  аз  Литва,  Туркманистон,  Арманистон, ва  Эстония  пеш  гузаштааст.
Дастаи  мунтахаби  кишвар  аз рӯи  раддабандӣ  дар  Осиё ҷойи  13 -умро  ишғол  менамояд. Дар  ин  гурӯҳ  ҷойҳои якум,  дуюм ва  сеюмро Эрон, Ҷопон ва  Таиланд  ишғол  менамоянд.
Ёдовар  мешавем, ки баъди дар мусобиқоти  Осиё — 2014 муваффақ  нашудани  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  Ҳусейн  Шодиев  сармураббии  он таъйин  гардида,   бо  роҳбарии  номбурда  дар даври  интихобии  мусобиқоти  Осиё — 2016, ки  моҳи  ноябри  соли  оянда баргузор  мегардад,  иштирок  менамояд.

Декабрь 23, 2014 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид