Муҳоҷирон қарзашонро гирифтанд

Декабрь 12, 2014 13:18

Душанбе,  12.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Бо  мадади   намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират тайи  даҳ  рӯзи  моҳи  декабр  қарзи маоши  муҳоҷирони  меҳнатӣ  иборат  аз 6  миллиону  42  ҳазор  рубл  пардохта  шуд.
Мувофиқи  маълумоти   котиби  матбуоти  намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ дар  ФР  Иброҳим  Аҳмадов, 4 декабр  сокини   шаҳри  Норак Сайдамрулло Бобохонов  аз  номи 25  нафар  сохтмончиёни  тоҷик ба намояндагӣ  муроҷиат  намуд. Ба  гуфтаи  номбурда  ширкати сохтмонии  «Аффект», ки дар  он  сохтмончиёни  тоҷик кор  мекарданд, маблағи  маошашонро  иборат  аз  962  ҳазор  рубл   нагирифтаанд. 
«Баъди  муроҷиати  намояндагӣ  ва  суҳбат  бо  роҳбарияти  ширкат ин  қазия   ба  таври  мусбат ҳал  шуд. Сокини  ноҳияи  Ҷалолиддин  Румии   вилояти  Хатлон  Азимова  Инобат Қаюмовна, ки  дар   ширкати «Чистий  свет»   кор  мекард,  бо  мусоидати  намояндагӣ  қарзи  маошашро  дар  ҳаҷми 300  ҳазор  рубл  гирифт», —  афзуд  Иброҳим  Аҳмадов.
Сокини  ноҳияи  Қубодиён  Исломиддин  Мусулмонов  низ баъди  муроҷиат  ба  намояндагӣ қарзи  маошаш  иборат  аз  200  ҳазор  рублро  аз  ширкати «ЭНКА» ба  даст овард.
Тавре  ки  қаблан   хабар  дода  шуда буд,  бо  мусоидати  корманди   намояндагӣ  ба   сохтмончиёни тоҷики  шаҳри  Санкт — Петербург 4  миллион  рубли  қарзашон   пардохта  шуд. 

Декабрь 12, 2014 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст