Муҳокимаи татбиқи Муоҳада дар бораи зӯроварӣ нисбат ба занон
Душанбе, 03.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат ).- 4 декабр дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии журналистони дохилию хориҷӣ, ки дар бахши ҳуқуқҳои занон ва хушунат дар хона фаъолият доранд, баргузор мешавад.
Сабаби доир намудани нишасти матбуотӣ муколамаи пешорӯи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар барои татбиқи Муоҳада дар бораи рафъи ҳамаи шаклҳои поймолкунии ҳуқуқи занон аст. Ин чорабинӣ аз 4 то 7 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин бора раиси Созмони ҷамъиятии «Занони дорои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Гулҷаҳон Бобосодиқова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Назар ба иттилои манбаъ, дар чорабинии зикршуда намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, коршиносони дар ин бахш фаъолиятдоштаи ҷаҳон иштирок менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






