Мубориза бо терроризм тақвияти ҷаҳонӣ мехоҳад

Декабрь 18, 2014 16:37

 
 
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 16 декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз ашхоси мусаллаҳи ҳаракати Толибон ба як мактаби артиши Покистон дар шаҳри Пешовар ҳамла карданд, ки ин амали террористӣ  боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардид. Ин амали нангин яке аз фоҷеабортарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи башарият маҳсуб ёфта, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ башиддат маҳкум гардид. Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон террори ваҳшатангези кӯдакону наврасон ва омӯзгоронро маҳкум намуда, иброз дошт: «Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод».
Инчунин Барак Обама, Президенти Амрико, Ашраф Ғанӣ, Раиси Ҷумҳурии Афғонистон, Франсуа Олланд, Президенти Фаронса, Франк Валтер Штенмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон, Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ ва дигар ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин амали ваҳшиёнаро нисбат ба ҳаёти инсонҳо маҳкум намуда, онро амали разилона, чеҳраи манҳуси террористҳо ва нишонаи тарсуиву буздилӣ донистанд. 
Бино ба иттилои баъзе манбаъҳо дар ин ҳамлаи хунин беш аз 140 нафар кушта шуда, 120 тани дигар ҷароҳати гуногун бардошт.
Амали мазкур, бешак, нишони ваҳшонияти ашхоси бадахлоқу бетарбия, бесаводию ҷоҳилӣ, бераҳмиву шафқати инсонӣ ва Исломи нобро ба манфиатҳои ғаразноки шахсию гурӯҳӣ истифода бурдани як идда гурӯҳҳо, инчунин ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастани ҷавонони бехабар аз рукнҳо ва оинҳои дини мубини Ислом мебошад. Маҳз ҷоҳилӣ, яъне нодонию нофаҳмӣ ва аз таълиму тарбия дур мондани наврасону ҷавонон сабабгори аслии пайвастани ашхос ба чунин гурӯҳҳои тундгаро мегардад, ки натиҷаи амалҳои онҳо террори аҳолии осоишта ва ҳатто кӯдакону наврасон аст.  
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои абарқудратро зарур аст, то бо назардошти набзи сайёра мубориза бо чунин амалҳои ғайриинсонӣ ва разилонаи ашхоси бидуни табиати инсонӣ ва раҳму шафқати башариро пурзӯр намуда, барои нобуд кардани ин гуна ҳаракатҳову равияҳо ва гурӯҳҳои муташаккил барномаҳои таъсирнокро тарҳрезӣ ва амалӣ намоянд.
 
 

Декабрь 18, 2014 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд