Муборизаи муштарак бар зидди маводи мухаддир
Душaнбе, 9.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии муштараки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ва Осиёи Марказӣ вобаста ба инкишофи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди маводи мухаддир баргузор гардид, ки он аз тарафи шуъбаи полис оид ба масъалаҳои стратегии фаъолияти Департаменти таҳдиди фаромиллии САҲА якҷоя бо Лоиҳаи “Хатсайри героин -2 — шабакаи иттилоотӣ” ва Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ ташкил шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима гардида, инчунин мубодилаи фаврии иттилоот нисбат ба интиқолдиҳандагони ғайриқонунӣ ва хатсайрҳои интиқоли маводи нашъаовар сурат гирифтанд. Иштирокчиёни вохӯрӣ нисбат ба механизм ва васоит, ки ба ҳамкории фаромиллӣ мусоидат менамоянд, табодули назар ва таҷриба намуданд.
Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ муовини сардори шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Ф. Муродова намояндагӣ кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






