Мулоқот дар МОИ «Суғд»

Декабрь 23, 2014 15:27

Душанбе,  23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанде  пеш  дар маъмурияти Минтақаи  озоди  иқтисодии «Суғд» мулоқот  бо  мушовири президенти Иттифоқи  миллии  роҳиоҳанчиёни  Русия  оид ба   фаъолияти  байналмилалӣ  Александр Корчмарик баргузор гардид.
Тавре  ки  аз маркази  матбуоти  маъмурияти  мазкур   хабар  доданд, дар  мулоқот   роҳбари  маъмурияти  МОИ «Суғд» Фирдавс  Олимов  ва   кормандони  гурӯҳи  тарҳрезии  стратегӣ  ширкат  доштанд. Манзур  аз  боздиди  меҳмон  шиносоӣ  бо  лоиҳаҳои сармоягузории  маъмурият дар  бахши боркашонии  нақлиётӣ  буд.
Роҳбари  маъмурият  аз  рушду  натоиҷ ва   нақшаҳои  ояндаи  МОИ «Суғд» нақл  карда,   дар  бораи лоиҳаҳои  стратегӣ  оид ба  сохтмони  маркази  нақлиётӣ ва  шохаи роҳи  оҳан  аз истгоҳи  «Спитамен» то Маркази озоди  иқтисодӣ муфассал  сухан  ронд.
Александр  Корчмарик  дар навбати  худ  аз  фаъолияти Иттифоқи  миллии  роҳи  оҳанчиёни  Русия, ки  корхонаҳои  саноатии ҳамаи қаламрави  Федератсияи  Русияро  муттаҳид месозад,  нақл  кард. Алҳол иттифоқи  мазкур  ба таҳияи  ҳуҷҷатҳо  барои ташкили   бунёди  навсозии   шохаҳои  роҳи  оҳани  Русия  машғул  аст. Мушовир имконоти зиёди МОИ «Суғд» — ро,  ки  метавонад соҳибкорону  сармоягузорони Русияро ба вусъат  бахшидани  муомилоти  мол бо  Тоҷикистон ҷалб  намояд,  ба таври  махсус  зикр  намуд. 

Декабрь 23, 2014 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид