Мулоқот дар МОИ «Суғд»
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Чанде пеш дар маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» мулоқот бо мушовири президенти Иттифоқи миллии роҳиоҳанчиёни Русия оид ба фаъолияти байналмилалӣ Александр Корчмарик баргузор гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти маъмурияти мазкур хабар доданд, дар мулоқот роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Фирдавс Олимов ва кормандони гурӯҳи тарҳрезии стратегӣ ширкат доштанд. Манзур аз боздиди меҳмон шиносоӣ бо лоиҳаҳои сармоягузории маъмурият дар бахши боркашонии нақлиётӣ буд.
Роҳбари маъмурият аз рушду натоиҷ ва нақшаҳои ояндаи МОИ «Суғд» нақл карда, дар бораи лоиҳаҳои стратегӣ оид ба сохтмони маркази нақлиётӣ ва шохаи роҳи оҳан аз истгоҳи «Спитамен» то Маркази озоди иқтисодӣ муфассал сухан ронд.
Александр Корчмарик дар навбати худ аз фаъолияти Иттифоқи миллии роҳи оҳанчиёни Русия, ки корхонаҳои саноатии ҳамаи қаламрави Федератсияи Русияро муттаҳид месозад, нақл кард. Алҳол иттифоқи мазкур ба таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ташкили бунёди навсозии шохаҳои роҳи оҳани Русия машғул аст. Мушовир имконоти зиёди МОИ «Суғд» — ро, ки метавонад соҳибкорону сармоягузорони Русияро ба вусъат бахшидани муомилоти мол бо Тоҷикистон ҷалб намояд, ба таври махсус зикр намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






