Мулоқоти М. Ҷабборӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 16.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрўз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот анҷом дод. Ҳайати мазкур аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои марбутаи соҳавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои мавҷуда ва тарҳрезии нақшаҳои баъдӣ омодагиашонро изҳор намуданд.Зикр гардид, ки алҳол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи Лоиҳаи гранти Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Русия (READ) ҳамкорӣ менамоянд, ки мақсаи лоиҳаи мазкур ин таҳкими неруи кадрии Маркази миллии тестӣ ва ташкили фаъолияти он барои амалӣ намудани низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Марҳабо Ҷабборӣ дар навбати худ барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ ба Бонки ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ намуда, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст барои рушди соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва дигар самтҳои дахлдор бо ин муассисаи байналмилалии молиявӣ бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳамкориро идома диҳад.Мулоқот дар сатҳи баланди мутақобиланд судманд баргузор шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






