Мулоқоти С. Аслов бо А. Бхаттачарҷи
Душанбе, 3.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 2 декабри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷиро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масоили мубрами дуҷониба дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.