Мулоқоти се генерал дар Покистон

Декабрь 24, 2014 16:48

     Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-   Шаби гузашта собиқ президенти Амрико Ҷорҷ Буши калонӣ аз сабаби  бемории роҳҳои нафас ба бемористони Ҳюстони Амрико  интиқол дода шуд. Буш тақрибан ду моҳ пеш дар бемористон муолиҷа гирифта буд.
      Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии  Франс-пресс Президенти Ҷумҳурии  Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як нишасти хабарӣ эълон намудааст, ки  қасд дорад омӯзиши хатти арабиро дар мактабҳои Туркия дубора эҳё карда ва дарси забони туркии усмониро низ дар мактабҳои ин кишвар ҷорӣ намояд. 
 
   Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз 24 декабри соли 2014 дар шаҳри Минск-пойтахти Беларус музокироти ҳукумати Украина  бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия гузаронида  мешавад. Гуфта мешавад, ки бо қарори дуҷониба  намояндагони Украинаву Русия ва ҷудоихоҳон дар паси як миз бо ҳамроҳи  намояндагони САҲА  мулоқот меварзанд. Бояд гуфт, ки мулоқоти дуввуми ин гурӯҳ 26 декабр баргузор хоҳад шуд. Бо қарори  парлумони Украина аз 23 декабри соли равон Украина ҳамчун кишвари ғайримуттааҳид эълон шуда, яъне ба узвияти ҳеҷ блоки низомӣ намедарояд, вале барои даромадан ба узвияти НАТО худро омода мекунад. Вале ин тасмимро Русия интиқод карда, онро “ғайридӯстона” номид.
 
    Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз генерал Шермуҳаммад Каримӣ-раиси ситоди артиши Афғонистон ва генерал Роҳил Шариф-ҳамтои покистонӣ  ва генерали амрикоӣ Ҷон Кемпбел-фармондеҳи аршади НАТО дар Афғонистон дар шаҳри Равалпиндии Покистон бо ҳам мулоқот намуданд. Қобили зикр аст, ки раҳбарони низомии Афғонистону Покистону Амрико ба як тавофуқ расида, бар зидди Толибон дар марзи муштараки миёни ду кишвар муборизаи муштарак анҷом хоҳанд дод.

Декабрь 24, 2014 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид