Мушкилоти таълими фанҳои физикаю математика дар мактабҳо
Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ташаббуси факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии таъсиси кафедраи методикаи таълими физика зери унвони «Мушкилоти муосири таълими фанҳои физикаю математика дар мактабҳои миёна ва олӣ» конфронси илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.Дар конфронс муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Абдусамад Муллоев доир ба аҳамият ва моҳияти омӯзиши фанни физика дар замони муосир андешаҳои хешро ироа намуд.Инчунин дар конфронс дар мавзӯъҳои «Мушкилоти тайёрии касбӣ-методии муаллими математика ва физика дар мактаби олӣ», «Мушкилоти муосири методикаи таълими физика», «Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Чиҳил соли пурбаракат (аз таърихи кафедраи методикаи таълими физика)» маърӯзаҳо шунида шуданд. Конфронс кори худро дар ду бахш идома дода, дар он 80 маърӯза мавриди муҳокима қарор гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






