Мусодираи зиёда аз 3 кг маводи мухаддир

Декабрь 22, 2014 15:20

Душанбе, 22.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Аз ҷониби кормандони милитсия ду шаҳрванди ҷумҳурӣ бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир гардиданд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз чониби кормандони милитсия шаҳрванд Суҳроб Саидов, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе дастгир шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 938 грамм маводи нашъадори героин дарёфт ва мусодира гардид.
Инчунин зимни боз як амалиёти махсус кормандони милитсияи ноҳияи Фархор шаҳрванд Мирзоалӣ Сайдалиев, соли таваллудаш 1971-ро  дастгир намуданд, ки  ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 2 кг 402 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 

Декабрь 22, 2014 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид