Нақшаҳои ҷадиди таълимӣ рӯйи кор меоянд

Декабрь 15, 2014 09:10

Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Нақшаҳои таълимии факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мавриди таҷдид ва навсозӣ қарор гирифта, факултаҳои забонҳои хориҷӣ, филология, таърих ва ҳуқуқ, рассомӣ,  графикӣ, тарбияи ҷисмонӣ, математика ва педагогӣ  нақшаҳои нави худро муаррифӣ намуданд.
Дар ин бора сардори Раёсати таълими донишгоҳ Саидқаҳҳор Ёқубов иттилоъ дода афзуд, ки  ҳанӯз дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои давлатии ихтисосҳои донишгоҳ баррасӣ ва тасдиқ шуданд. Давраи дуюми ин маъракаи муҳими мутобиқ гардонидани ҳуҷҷатҳои расмии меъёрии раванди таълим ба низоми кредитии таҳсилот, ки  коркард, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои нави  таълимии ҳамаи 73 ихтисоси донишгоҳ ба ҳисоб меравад, ҷараён дорад.
Мақсади асосии аз нав таҳия намудани нақшаҳои таълимии нав- ин мутобиқгардонии онҳо бо низоми кредитии таҳсилот дар баробари фанҳои гуманитарию ҷамъиятӣ додани афзалият ба фанҳои тахассусӣ, ҷудо намудани меъёри зиёди вақти донишҷӯ барои кори мустақилона ва ғайра мебошад. 
Зикр шуд, ки дар нақшаҳои таълимии нав пай дар пайи фанҳои омӯхташаванда чунон бояд гузошта шавад, ки ҳар як давраи минбаъда барои ташаккул ва ба як низоми пурра даромадани омӯзиши хуби маводи таълимиро таъмин намояд.
 Сарчашма иттилоъ дод, ки раванди пешниҳоди нақшаҳои таълимии нав аз ҷониби факултаҳо идома дорад ва давраи якуми он 15 декабр ба анҷом мерасад. Баъд аз коркард ва хулосабарориҳо дар Раёсати таълими донишгоҳ он барои мувофиқа ва тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мешавад.
Интизорӣ меравад, ки нақшаҳои ҷадиди таълимӣ шурӯъ аз соли хониши 2015-2016 мавриди амал қарор мегиранд.
 
 

Декабрь 15, 2014 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд