Нақшаи сохтмони роҳҳои ду-се қабата дар пойтахт
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Сабоҳат Қадамзода). — Ҳамарӯза дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе танбашавии воситаҳои нақлиёт ба мушоҳида мерасад. Ба иттилои Бегиҷон Зиёев, сармутахассиси Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти кишвар то имрӯз шумораи ҳама намуди воситаҳои нақлиёти рӯизаминие, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ба 411548 адад расидааст.
Бояд гуфт, ки бештар танбашавии воситаҳои нақлиёт дар минтақаҳои “Садбарг ”, корхонаи ”Текстил”, дар назди мағозаи тиҷоратии “Мардон”, бозори “Корвон”, дар гузаргоҳи кӯпруки 46-ум ба назар мерасад.
Бегиҷон Зиёев афзуд, ки Ҳукумати Душанбешаҳр барои бартараф кардани ин мушкилот тибқи лоиҳаи амалигаштаистода дар чорроҳаҳо сохтани роҳҳои 2-3 ошёнаи таворавиро дар назар дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






