Нақши молия дар рушди иқтисодиёти кишвар

Декабрь 8, 2014 16:48

Душанбе, 8.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Ҳамасола рӯзи 7 декабр чун иди кормандони мақомоти молия ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ин сана ва 90-солагии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) чорабиниҳои идона — семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши молия дар рушди иқтисодиёти кишвар», маҳфили илмии «Коршиноси иқтисодӣ» ва консерт баргузор гардиданд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, дар чорабинӣ ректори донишкада Ашурбой Солиев зикр намуд,  ки ДМИТ аз тарафи муассиси худ-Вазорати молияи ҶТ пайваста дастгириву ҳамкории қавиро ҳам дар ҷодаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия ва ҳам татбиқи лоиҳаҳои муштарак эҳсос менамояд, ки ҷиҳати идораи самараноки донишкада ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидат мекунад.
Зикр шуд, ки бахши молия  соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар солҳои истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Фаъолияти самарабахши соҳаи молия, пеш аз ҳама, аз дараҷаи таъмин будани он бо кадрҳои баландихтисос вобаста аст ва ДМИТ ҳам дар омода намудани мутахассисони соҳа саҳми беназири худро мегузорад.
 
 
 
 
 
 
 
 

Декабрь 8, 2014 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид