Намояндагии нав дар арафаи Соли нав
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- Дар арафаи Соли нав дар кӯчаи ба номи Адҳамови шаҳри Душанбе намояндагии нави Бонки «Эсхата» кушода шуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки «Эсхата» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то имрӯз дар пойтахт ду намояндагӣ ва 8 маркази хидматрасонии бонкӣ фаъолият доранд.
Ба гуфтаи манбаъ, акнун муштариён метавонанд дар дохили дафтари бонки мазкур ҳисоби депозитӣ кушода, маблағро интиқол диҳанд ва аз хидмати хазинаи он бархӯрдор шаванд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз Бонки «Эсхата» дар шаҳру ноҳияҳои шимолу ҷануби кишвар 23 намояндагӣ, 110 маркази хидматрасонии бонкӣ ва беш аз 400 нуқтаҳои интиқоли маблағро дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






