Нархи орд дар Бартанг бетағйир монд
Рӯшон 20.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Миқдори муайяни орд ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи нисбатан арзон барои сокинони минтақаи дурдасти ҷамоати деҳоти Бартанг интиқол дода шуд. Ин иқдом бо ташаббуси Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар фасли зимистон таъмин будани сокинони ин мавзеъ бо маводи хӯрокворӣ рӯи даст гирифта шудааст.
Беш аз 20 тонна орд ва миқдори муайяни биринҷ аз маркази ноҳияи Рӯшон ба деҳаҳои дурдасти водии Бартанг интиқол дода шуд. Водии Бартанг аз маркази ноҳия дар масофаи беш аз 100 километр воқеъ буда ва мушкилоти ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ба ин мавзеъ дар фасли зимистон душвор мегардад ва ин масъулини Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор сохт, то сокинони ин водиро бо ғизои зарурӣ сари вақт таъмин намоянд.
Бояд гуфт, ки қимати як халта орд ба ҷамоати дурдасти Савноб низ баробар ба 150 сомонӣ буда, он нисбат ба нархи бозори марказии вилоят то дараҷае арзонтар мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






