Нуқтаи нави тақсими шиносномаҳои биометрӣ ба шаҳрвандони ҶТ
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Дар ҳудуди Русия боз як нуқтаи нави иловагии тақсими шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон кушода шуд.«Кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар дафтари Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Санкт – Петербург ба кор шуруъ карданд. Онҳо барои тартиб додан ва супурдани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба ҳамватанонамон ёрӣ мерасонанд», — гуфт намояндаи расмии сафорати ҶТ дар ФР Муҳаммад Эгамзод.Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, барои шинос кардани шаҳрвандони мо бо тартиби супурдани маълумотномаҳои консулӣ ва шиносномаҳои биометрӣ дар Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт – Петербург вохӯрии дипломатҳои тоҷик бо роҳбарони ҷамоаҳои тоҷикон ва шаҳрвандони дар ин минтақа сукунатдоштаи ҶТ баргузор гардид. Дар ин маросим сардори раёсати хидматрасонии консулии Сарраёсати консулии ВКХ ҶТ Садбарг Ғаниева, роҳбари хадамоти консулии сафорати ҶТ дар ФР Ашраф Гулов, Консули фахрии ҶТ дар Санкт – Петербург Назар Мирзода, ҳамчунин намояндаи Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ дар Санкт – Петербург Қурбоналӣ Расулов иштирок ва сухан карданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






