Омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015

Декабрь 18, 2014 11:50

Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум 25-уми январи соли 2015 дар Маҷмааи варзишию консертии “Петербургский”- и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мегардад, 17-уми декабр шурӯъ кард. Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-22) 24 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст. Машғулиятҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 29-уми декабри соли равон идома меёбанд.Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Ҳайати ниҳоии ширкаткунандагони мусобиқа ҳанӯз муайян нашудааст. Дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ширкати 16 дастаи мунтахаби ҷавонон дар назар аст. То ҳоло 11 даста, аз ҷумла дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Тоҷикистон, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ширкати худро дар ин мусобиқа тасдиқ кардаанд.

Декабрь 18, 2014 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд