Омодагии истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастӣ ба намоишҳои ҷаҳонӣ
Душанбе, 04.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳҳои байналмилалии «Албент» (Ambiente), ки дар шаҳри Франкфурти Олмон аз 13-ум то 17-уми феврали соли 2015 ва «Подарки» дар шаҳри Маскави Русия аз 16-ум то 19-уми марти соли 2015 дар назар аст, ёрӣ мерасонад.
Бино ба иттилои МТБ барои расидан ба ин ҳадаф як гурӯҳи мушовирони байналмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ бо як сафари чаҳоррӯза аз 1-ум то 4-уми декабр дар Тоҷикистон қарор дорад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат гирифтааст. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ амалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат роҳандозӣ мешавад.
Мутахассисони МТБ дар ҷараёни сафари худ чанд давраи омӯзишӣ баргузор карда, ҳамчунин бо намояндагони Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва истеҳсолкунандагони дигари маҳсулоти дастӣ ба тариқи инфиродӣ кор карданд. Дар чаҳорчӯбаи давраҳои омӯзишии мазкур, ширкаткунандагон бо бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хона ва ҳадяҳо — Ambiente ва калонтарин намоишгоҳи ҳадяҳо, ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти тазйинӣ дар ҳудуди ИДМ — «Подарки» шинос шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳамасола дар намоишгоҳи Ambiente, ки дар шаҳри Франкфурт баргузор мешавад, 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунад. Намоишгоҳи байналмилалии «Подарки» дар Маскав тирамоҳи гузашта мизбони шумораи рекордии 42700 меҳмон ва 669 ширкат аз Русия, ҷамоҳири ИДМ ва кишварҳои дигар буд. Ҳар ду намоишгоҳ макони хубе барои ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни маҳсулот мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳҳо, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






