Омодагии Воҳиди махсуси ВКД барои қабули меҳмонон

Декабрь 18, 2014 14:55

Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ҳафтаи равон муоинаи сафороии ҳайати шахсии Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари Давлат ва меҳмонони олиқадр доир гардид.
ВКД  ҶТ хабар медиҳад, ки бо дастгирии вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми ҳайати шахсии Воҳиди махсус бо  либоси зимистона таъмин гардида,  бо шароити мусоиди хизмат фаро гирифта шуд.  
Мавриди зикр аст, ки баъди ба макони нав кӯчонида шудани Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, қисми навбатдорӣ, утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ, ҷойи хоб (казарма)-и кормандони хадамоти патрулӣ-пайроҳадорӣ, ошхона, ҳаммом, мағозаи фурӯши молҳои ҳарбӣ ва дигар иншооти Воҳиди махсус бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд.
Зимни муоинаи сафороӣ сардори Воҳиди махсус Бароталӣ Ҳамидзода барои бартараф намудани камбудию норасоиҳо ба ҳайати шахсӣ супоришҳо дода, таъкид намуд, ки вазифаҳои хизматиро софдилонаю содиқона иҷро намоянд.   Қобили зикр аст, ки Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, яке аз сохторҳои мақомоти милитсия мебошад, ки  дар таъмини амният ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кишвар ҳангоми ҳаракати Сарвари Давлат, пешвоз ва гуселонидани меҳмонони олиқадр, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши арзанда дорад.
 

Декабрь 18, 2014 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид