Ошкоршавии ҷиноятҳои авбошӣ
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон: Маъруф Турабоев, Умедҷон Сафаров, Идрис Шоимов, соли таваллудашон 1994, Мардонбек Мениқулов, соли таваллудаш 1995 ва Умедҷон Сафаров, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Шаҳритуз ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд. Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дастгиршудагон дар ҳудуди деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Шаҳритуз дар маъракаи тӯйи шаҳрванд Музаффар Чориев, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо шаҳрванд Мақсуд Чориев, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳия хархаша карда, ӯро латукӯб намудаанд. Дар натиҷа М. Чориев ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Ҳамчунин муайян гардид, ки шаҳрвандон Фирӯз Каримов, соли таваллудаш 1981, Фирдавс Каримов, соли таваллудаш 1982 ва Фараҳманди Маҳмадулло, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Варзоб дар ҳудуди деҳаи Чағатайи ноҳияи Варзоб аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо шаҳрвандон Султон Раҳмонов, соли таваллудаш 1983, Субҳон Раҳмонов, соли таваллудаш 1984, Наврӯз Раҳмонов, соли таваллудаш 1982 ва Лутфия Муъминова, соли таваллудаш 1983, сокинони деҳаи Чағатай вохӯрда, аз ҳиссиёти авбошӣ дашномҳои қабеҳ гуфта, якдигарашонро латукӯб намудаанд. Дар натиҷа Л. Муъминова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






