Ошкоршавии таълимоти ғайриқонунии динӣ

Декабрь 17, 2014 15:38

Душанбе, 17.12.2014.( АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Комилҷон Аҳроров, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир шуд, ки ӯ муддати 6-сол дар манзили истиқоматиаш бо таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буда, ба ноболиғон: А.М. соли таваллудаш 1997, А.Ҳ. соли таваллудаш 2001, Р.Қ. соли таваллудаш 2001, А.У. соли таваллудаш 2001, сокинони ҳамин ноҳия ва С.А. соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Ромит дарсҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ медодааст.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, ҳамчунин дар ин рӯз шаҳрванд Саидмуъмин Рашидов, соли таваллудаш  1975, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир шуд, ки ӯ муддати 5 сол дар манзили истиқоматиаш бо таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буда, 13 нафар ноболиғро аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба азобу уқубат гирифтор намуда, ба онҳо бо тариқи лату кӯб таълимоти ғайриқонунии динӣ меомӯзонидааст. 
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.
 
 
 

Декабрь 17, 2014 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид