Парламент пешниҳоди Президентро тасдиқ менамояд
Душанбе, 8.12.2014.(амит „Ховар“, Марзия Саидзода).- Фардо 9 декабр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон „Дар бораи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон“-ро баррасӣ ва тасдиқ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи моддаи 69 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” раис, муовини раис ва 13 нафар аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти кишвар аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар давоми 3 рӯзи баъд аз эълон шудани интихобот интихоб мешавад.
Хабарнигори АМИТ „Ховар“ иттилоъ медиҳад, ки ба ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии кишвар, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, пешниҳод гардидаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






