Парлумон ба кодексҳои андозу гумрук тағийрот ворид менамояд

Декабрь 8, 2014 15:38

 Душанбе, 8.12.2014.АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки фардо Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва ба тасвиб расонида шавад. Масъалаи мазкур 8 декабр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, муҳокима шуд.
   Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,  ҷиноӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва андозу гумрукро  баррасӣ намуданд.
     Инчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо дар ҷаласаи Шӯро муҳокима шуд.    
 

Декабрь 8, 2014 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид