Паёми ҷавобии Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ оид ба қазияи Г. Рофиева
Душанбе, 10.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар робита ба ҳалли қазияи рабуда шудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Рофиева дар минтақаи Маъриби Ҷумҳурии Яман мақомоти ин кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд, то дар гуфтушунидҳо бо намояндагони қабилае, ки ба ин амали манфур даст задааст, натиҷаи матлубро ноил гарданд.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Яман Абдуллоҳ Муҳаммад ас-Сойидӣ дар номаи ҷавобии худ ба паёми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ки дар он аз мақомоти салоҳиятдори Яман ва шахсан аз вазири корҳои хориҷии ин кишвар андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳалли қазияи мазкур тақозо шуда буд, навиштааст.
Абдуллоҳ ас-Сойидӣ иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Яман шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ рабуда нашудааст. Ҷониби Яман итминон додааст, ки мақомоти амниятии кишвараш раванди гуфтушунидҳоро комилан зери назорат гирифтаанд ва бехатарии шаҳрванди Тоҷикистонро дар мадди аввал қарор додаанд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Яман дар номаи худ изҳори боварӣ намудааст, ки дар наздиктарин рӯзҳо хабари сиҳат ва саломат озод шудани Гулрухсорро ба ҷониби Тоҷикистон хоҳад расонид.
Сарчашмаҳои иттилооти расмии Яман дар қазияи мазкур номҳои се бародарро аз қабилаи Оли Убайдаи минтақаи Маъриби Яман марбут медонанд. Ин ашхос қаблан ҳам дар қазияҳои одамрабоӣ ва талаби мол бар ивази он гунаҳкор дониста шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






