Пешбарии номзадҳои ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ

Декабрь 16, 2014 15:29

 
Душанбе, 16.12.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Анҷумани XI Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) таҳти роҳбарии раиси он Муҳиддин Кабирӣ ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 
Дар анҷуман 28 нафар аъзои ҲНИТ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд. 
Раиси ҲНИТ дар ин анҷуман сухан гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ кишварамон душвориҳои зиёдеро пушти сар кард, ки бо сабаби надоштани таҷрибаи сиёсӣ ва дахолати бегонагон неруҳои асосии кишвар натавонистанд бо муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ мушкилоти дохилиро ҳал намоянд. Бо лутфи Худованд ва хиради азалии миллати тоҷик, инчунин иродаву садоқати фарзандони асили миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, огоҳиву ватандӯстии неруҳои сиёсии кишвар, миллат аз он бунбаст берун рафт ва пеши роҳи парокандагии миллат ва пошхӯрии давлат гирифта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар анҷуман инчунин масоили мавриди таваҷҷуҳи вакилони ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 
 
 
 
 
 

Декабрь 16, 2014 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид