Пешгирӣ аз мубталошавӣ ба маводи нашъаовар

Декабрь 3, 2014 10:49

Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Сардори маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Шодӣ Каримов бо донишҷӯёни Тоҷикистоние, ки дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири Хадамоти  Федеролии назорати маводи нашъаовари  Русия таҳсил доранд, вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ донишҷӯён  зикр карданд, ки дар вақти интихоби касб ба таҷрибаи волидайн такя намудаанд, чунки падару модари онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри халқу ватан ҳамарӯза содиқона хизмат менамоянд ва мардумро аз мубталошавӣ ба маводи нашаъаовар  эмин   медоранд.  
Бояд тазаккур дод, ки  дар донишкадаи мазкур  дар айни замон  29 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил намуда, омӯзиши шунавандагони тоҷик дар асоси Созишнома байни Агентӣ ва Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ба роҳ монда шудааст. 
Дар интиҳо зикр гардид, ки баъди анҷоми таҳсил шунавандагон  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки  фаъолияташон ба мубориза бо маводи нашъаовар вобаста мебошад, ба кор қабул шуда, ба халқу ватан  хизмати софдилона хоҳанд кард.
 
 

Декабрь 3, 2014 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад