Пешгирӣ аз мубталошавӣ ба маводи нашъаовар
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Сардори маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар Шодӣ Каримов бо донишҷӯёни Тоҷикистоние, ки дар Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари Русия таҳсил доранд, вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ донишҷӯён зикр карданд, ки дар вақти интихоби касб ба таҷрибаи волидайн такя намудаанд, чунки падару модари онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри халқу ватан ҳамарӯза содиқона хизмат менамоянд ва мардумро аз мубталошавӣ ба маводи нашаъаовар эмин медоранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар донишкадаи мазкур дар айни замон 29 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил намуда, омӯзиши шунавандагони тоҷик дар асоси Созишнома байни Агентӣ ва Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар ба роҳ монда шудааст.
Дар интиҳо зикр гардид, ки баъди анҷоми таҳсил шунавандагон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки фаъолияташон ба мубориза бо маводи нашъаовар вобаста мебошад, ба кор қабул шуда, ба халқу ватан хизмати софдилона хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






