Пешниҳодҳои муфид ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти бонкӣ
Душанбе, 17.12.2014.(АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Бобати иҷрои супоришҳои раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мақсади дар маҳалҳо дида баромадани вазъи корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бо аҳолӣ, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ, хизматрасонии дастрас ва саривақтии кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ, гурӯҳи корӣ аз 8 то 12- уми декабри соли равон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафарбар шуд. Дар ҷараёни сафари корӣ дар ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мутасаддиёни таъйиноти нафақа, нафақагирон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун суҳбатҳои ошкоро ва муфид баргузор шуданд.
Дар баробари таклифу пешниҳодҳои муфид оид ба ҷоннок намудани фаъолият дар самти пешниҳоди қарзҳо, муҳлат ва фоизҳои он, хизматрасонӣ бо кортҳои пардохтии бонкӣ вобаста ба таъмини пост-терминалу банкоматҳо, фаъол намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ баён намуда, масъалаи маблағҳои пасандозҳои солҳои пешин, ки дар суратҳисобҳои махсус ҷойгиранд, аз ҷониби шаҳрвандон қариб дар ҳама вохӯриҳо мавриди пурсиш қарор дода шуданд.
Гурӯҳи корӣ чанде пеш аз навоҳии минтақаи Қурғонтеппа дидан намуд, ки пас аз ин вохӯриҳо мушкилиҳо баратараф шуда, пешравиҳо мушоҳида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






