Пирӯзии варзишгари точик дар мусобиқаи самбои ҷаҳонӣ

Декабрь 8, 2014 14:34

Душанбе, 8.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Варзишгари тоҷик Ардашер Исмоилов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни донишҷӯён, ки дирӯз дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор гардид, дар рақобатҳо дар вазни 57 килограмм медали биринҷӣ ба даст овард. 
Тавре ки дар  ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни донишҷӯён, ки рӯзи 7-уми декабр шурӯъ шуд,  100 варзишгар аз  22 кишвар ширкат доранд. Тоҷикистонро ба ҷуз Ардашер Исмоилов, Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар  мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони 14-16-сола, ки рӯзҳои 5-6-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
 
 
 

Декабрь 8, 2014 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид