Пирӯзии варзишгари точик дар мусобиқаи самбои ҷаҳонӣ
Душанбе, 8.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Варзишгари тоҷик Ардашер Исмоилов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни донишҷӯён, ки дирӯз дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор гардид, дар рақобатҳо дар вазни 57 килограмм медали биринҷӣ ба даст овард.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни донишҷӯён, ки рӯзи 7-уми декабр шурӯъ шуд, 100 варзишгар аз 22 кишвар ширкат доранд. Тоҷикистонро ба ҷуз Ардашер Исмоилов, Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони 14-16-сола, ки рӯзҳои 5-6-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






