Сабаби кам гаштани муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР дар чист?
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Шумораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои кор ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, кам шуда, дар ду ҳафтаи сипаригашта тавассути тайёра ба самти Русия 10651 нафар шаҳрванди мамлакат раҳсипор шудааст, ки аз онҳо 2 ҳазору 388 нафарро зан ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи сардори Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафтуомади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назрулло Бекназаров, бо фарорасии фасли сармо бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷойҳои зисти доимии худ бармегарданд.
Дар ду ҳафтаи сипаригашта аз қаламрави кишвари Русия ба Ватан 20 ҳазору 308 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ баргашт. Аз онҳо 4000 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Бо сабаби вайрон кардани қонунҳои будубоши ин кишвар 32 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳудуди Русия хориҷ шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз 1 ноябри соли ҷорӣ терминали нави фурудгоҳи Душанбе барои мусофирон ба истифода дода шуд, ки дар он барои фаъолияти кормандони шуъба шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






