Сафари паҳлавонони тоҷик ба Кипр

Декабрь 3, 2014 09:16

Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Аз 4-ум то 9-уми декабр варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи қаҳрамонӣ дар шаҳри Лимассоли Кипр ширкат меварзанд. Гуфта мешавад, ки мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни ду гурӯҳ: донишҷӯён ва наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000 доир мегардад.Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон 13 нафар — 10 варзишгар, 2 мураббӣ ва як довар дохил аст. Дар сабқати ҷаҳонии донишҷӯён Тоҷикистонро Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг), Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати ҷаҳонӣ байни наврасон шарафи Тоҷикистонро Каюмарс Норов (51 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг), Муҳаммадшо Беков (59 кг), Илҳом Ҳофиззода (72 кг), Муҳаммадризо Қурбонов (84 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг), инчунин миёни духтарон Шоҳида Қаландарова (55 кг) ҳимоя мекунанд.

Декабрь 3, 2014 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад