Сайёҳони қувейтӣ орзуи тамошои Тоҷикистонро доранд
Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо давлати Қувейт дар соҳаи туризм Намоишгоҳи туристии “Тоҷикистони меҳмононнавоз — кишвари туризм” бо иштироки 7 ширкати туристии ватанӣ баргузор гардид. Зимни баргузории намоишгоҳ тамоми маҳсулоти сайёҳӣ, маълумотҳои иттилоотии туристӣ ва тавассути навори видеоӣ Тоҷикистони муосир ба маърази намоиш гузошта шуд. Ҳамзамон дар Бизнес-Форуми ширкатҳои туристии Тоҷикистон ва Қувейт масоили ҷалби сайёҳони қувейтӣ, ки хоҳиши тамошои Тоҷикистонро доранд, баррасӣ гардид. Бештари сайёҳони қувейтиро ба кишвар пайраҳаҳои шоҳроҳи бузурги Абрешим ва таъриху фарҳанги баланди тоҷикон ҷалб менамояд, ки соли оянда он дар маълумотҳои оморӣ баҳогузорӣ хоҳад шуд. Дар иртибот ба ин кумита мақсад дорад, ки 3 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи махсуси худ қувва ва имкониятҳои ширкатҳои сайёҳии ватаниро барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон аз давлати Малайзия ва Қувейт ҳамоҳанг намуда, имкониятҳои туристии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии ITB Берлин — 2015 тарҳрезӣ намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






