Сарвазири Покистон ҳукми қатлро эҳё кард

Декабрь 18, 2014 11:55

Душанбе,18.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си Сарвазири Покистон Навоз Шариф дирӯз намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Покистонро, ки дар порлумон ҳузур доранд, ба ҷаласаи фавқулода даъват намуд ва ҳукми нави қатлро барои парвандаҳои марбут ба терроризм ва экстремизм эҳё намуд. Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ҳамлаи марговар ба як мактаби шаҳри Пешовари Покистон зиёда аз 140 нафар кушта шудааст. Душанбе,18.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Итар Тасс дирӯз аз атрофи биёбони вилояти Дейр аз-Зори Сурия 230 ҷасад пайдо шудааст, ки 140-тоаш аз ҷавонони ноболиғ аст. Ба гуфти фаъолони ҳуқуқи башари мустақар дар Сурия ҷасадҳои дарёфтгардида эҳтимол аз қабилаи Шайтат бошанд, ки барои ҳимояи аҳлу байт ва макони хеш бар зидди ҷангҷӯёни ифротии «Давлати исломӣ» мубориза бурдаанд. Душанбе,18.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои Вазорати оид ба ҳуқуқи башари Ироқ, яке аз сарлашкарони гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» Абу Анас ал-Либи ба қатли 150 нафар зан, ки дар миёни онҳо бонувони ҳомиладор ва духтарони ноболиғ низ ба чашм мерасид, дастури қатъӣ дод. Гуфта мешавад, ки ин фоҷеа дар шаҳри Ал-Фаллуҷ сар задааст. Қобили зикр аст, ки ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои мазкур яке аз масҷидҳоро ба зиндони бузург табдил дода, дар он ҷо асиронро ба ранҷу шиканҷа мекашанд. Душанбе,18.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар вилояти Бадахшони кишвар зимни роҳандозии амалиёти воҳидҳои низомии кишвар 13 силоҳбадасти ҳаракати «Толибон» маҳв шуда, 11 нафари дигар захмӣ гаштааст. Гуфта мешавад, ки амалиёти низомӣ муддати 4 рӯз аст, ки идома дорад. Аз террористон ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа ва муҳимоти ҷангии дигар мусодира гардид. Душанбе,18.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз бар асари садамаи мудҳиши нақлиётии автобуси мусофиркаш дар яке аз роҳҳои мошингарди штати Пиауи қисми шимолу шарқии Бразилия 7 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.

Декабрь 18, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид