Ш.Саид: «Деҳқон бояд аз рӯи принсипи «киштзор — мағоза» кор кунад»

Декабрь 12, 2014 13:18

Душанбе,  12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи  Шодмон).- 11  декабр  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  бо  роҳбари   лоиҳаи бахши иқтисодиёти  намояндагии   асосии  ОКСФАМ (Британияи  Кабир)  Шекҳа  Ананду  баргузор  гардид.
Тавре  ки  хадамоти  матбуоти  ПСС ҶТ ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ҷонибҳо дар  ҷараёни  мулоқот  роҳҳои ҳамкории ОКСФАМ  бо  ПСС  ҶТ  ба  манзури  мусоидату   дастгирии   истеҳсолкунандагони  маҳсулоти  кишоварзии Тоҷикистон,  аз ҷумла  соҳибкории  занон,   ҳамчунин механизмҳои   баланд  бардоштани ҳосилнокӣ, даромади   кишоварзони минтақаҳои  кӯҳсор  ва  афзун  намудани нерӯи  содиротиро мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Шекҳа  Ананду   аз   самтҳои  асосии  фаъолият   дар   ноҳияҳои  Темурмалик,  Восеъ, Кӯлоб,  Фархор ва  Балҷувони  вилояти  Хатлон,  роҳандозии тренингҳо  ва   дастгирии   хоҷагиҳои  деҳқонӣ  аз  рӯи  масоили  баланд  бардоштани  ҳосилнокии  маҳсулоти  кишоварзӣ,  афзун  намудани  хелҳои   зироатҳои  кишоварзӣ,   технологияи  обёрии қатраӣ, нигаҳдорӣ,  коркард  ва  борбандии  маҳсулоти  кишоварзӣ  бо  василаи   ҷорӣ  намудани  технологияҳои  нав,   дастгирии  таъсиси   хоҷагиҳои  занонаи  деҳқонӣ, таҷдиди   заҳбуру  каналҳо,  ҳамчунин   фурӯши  маҳсулоти  кишоварзӣ  дар  бозори  дохилӣ  иттилоъ  дод. 
Шариф  Саид ба  намояндагони  ОКСФАМ   барои фаъолияти   басо  судманд  ҷиҳати  дастгирии  истеҳсолкунандагони  маҳсулоти  кишоварзии  минтақаҳои   кӯҳсор,  мусоидат  ба  таъмини  амният  ва  сифати   маводи  ғизоӣ,  рӯи  кор  овардани  тренингҳо барои   истеҳсолкунандагони  маҳсулоти  кишоварзӣ,  тадқиқоти  маркетингӣ  ба  манзури   баланд  бардоштани   рақобатпазирии   кишоварзони Тоҷикистон  дар  шароити Созмони  умумиҷаҳонии  савдо изҳори  миннатдорӣ  кард.
«Имрӯз  таъмини  бозори  дохилӣ  бо  маҳсулоти  кишоварзӣ ба  манзури   татбиқи  барномаи  бехатарии  маводи  озуқа бо   назардошти   талаботи   аҳолии  маҳаллӣ ва   афзудани эҳтиёҷоти   истеъмолкунандагони  хориҷӣ  ба  маҳсулоти  аз  нигоҳи  экологӣ тозаю  хушсифати  Тоҷикистон  аз  қабили  анор,  лимӯ,  себ, гелос, мурӯд, олу, ангур, асал барномаи  афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  шумор  меравад», — гуфт  Шариф  Саид. 

Декабрь 12, 2014 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!