Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Чанде қабл гурӯҳи кории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншоотҳои сохташавандаи ҷашнӣ — Қасри фарҳанг, Китобхонаи марказӣ, Осорхонаи таърихӣ ва аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Қалъаи Ҳисор дидан намуда, бо фаъолияти шуъбаи фарҳанг, Китобхонаи марказӣ, Китобхонаи бачагона, осорхонаи ноҳия ва мактаби бачагонаи санъати ба номи Саид Ҳамроев ва омодагии муассисаҳои фарҳангӣ ба фасли зимистон шинос гардид.
Бояд тазаккур дод, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ, дар ноҳияи Ҳисор сохтмони бинои нави Қасри фарҳанг бо 700 ҷойи нишаст, бинои нави сеошёнаи Китобхонаи марказӣ, бинои чорошёнаи Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносӣ, боғи фарҳангу фароғатӣ бо чойхонаи миллӣ дар масоҳати 20 гектар ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия идома доранд.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






