Шиносоии Қ. Расулзода бо корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа
Душанбе, 09.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қўрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат- Ёвон шинос шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар сохтмони роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат- Ёвон дар давоми 11 моҳи соли равон ба маблағи беш аз 56 млн сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуда, шумораи коргарону мутахассисони ин иншоот 375 нафарро ташкил медиҳад. Танҳо дар давоми як моҳи охир дар ин қитъа дар масофаи беш аз 1,4 км қисмати болои роҳи оҳан васл гардида, омода шудааст. Иҷрои корҳои гуногуни сохтмонӣ, аз қабили лоиҳакашию таҳқиқотӣ-геологӣ, корҳои тахту ҳамворсозӣ ва омодасозии мавзеъҳои бунёди роҳ бо маром имода дошта, дар қитъаҳои алоҳида, аз ҷумла дар минтақаи бунёди нақбу кӯпрукҳо корҳои тахту ҳамворсозӣ ва омодасозии қитъаҳо барои бунёди роҳ ва дар қитъаҳои шароити мураккабу кўҳсор корҳои геологию таркишӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар давоми 11 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ ҷамъан дар масофаи 2,4 километр корҳои васлнамоии қисмати болоии роҳ, ба андозаи як миллиону 778 ҳазору 482 метри мукааб корҳои заминӣ ва дар ҳаҷми беш аз 843 ҳазор метри мукааб корҳои таркишӣ анҷом дода шудаанд.
Ҳайати ҳукумати мамлакат дар қитъаҳои асосии сохтмони роҳ, шуруъ аз истгоҳи Ваҳдат то ба самти истгоҳи Ёвон бо ҷараёни корҳои анҷомдодашудаи роҳсозӣ шинос шуд. Аснои шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои алоҳидаи сохтмонӣ ба роҳсозону мутахассисони соҳа барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои пешбинишуда дастуру маслиҳатҳо дода шуданд.
Ҷараёни шиносоии ҳайати ҳукумати мамлакат аз қитъаи Ваҳдат- Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қўрғонтеппа дар ситоди сайёри корӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуд. Дар ситод роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ, роҳсозону мутахассисони соҳа вазифадор шуданд, ки иҷрои босифат ва саривақтии ҳаҷми корҳои роҳсозиро афзун намуда, ҷиҳати оғози корҳои сохтмонӣ дар нақбу пулҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






