Шиносоии М. Ҷабборӣ аз рафти корҳои омодагии 3000-солагии Ҳисор

Декабрь 5, 2014 18:22

Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ «Ховар»). — Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрўз гурўҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ ва рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор аз ноҳияи Ҳисор боздид ба амал оварданд.Зимни шиносоӣ аз муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои марбута масъалаҳои омодагӣ ба фасли зимистон, сатҳ ва сифати таълиму тарбия ва хизматрасонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор бо масъулини соҳаҳо вобаста ба натиҷаи боздид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.Ҳамзамон, роҷеъ ба дастовардҳои замони истиқлолият, пешравию созандагӣ ва дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани маъракаҳои муҳими дар пешистода, махсусан ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон, масъалаҳои мубрами ҷомеа, махсусан гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мулоқоти гурўҳи корӣ бо фаъолони ноҳия доир гардид.

Декабрь 5, 2014 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад