Шиносоии Р. Раҳимзода бо шароити кормандони милитсияи Бадахшон
Душанбе, 03.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни сафари кориаш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон боздид ба амал оварда, бо ҳайати шахсии он вохӯрӣ доир намуд.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки вазири корҳои дохилӣ бо натиҷаҳои фаъолият ва шароити хизматии кормандон аз наздик шинос гардида, таъкид кард, ки ҳар як корманди милитсия уҳдадор аст дар назди давлату Ватан хизмати пурмасъулияти ба зиммдоштаашро софдилона ва содиқона иҷро намуда, дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳмгузор бошанд.
Зимни сафар вазири корҳои дохилӣ Р. Раҳимзода дар якҷоягӣ бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед аз ҷараёни сохтмони бинои навишуӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ дидан намуд.
Сохтмони бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ дар назар дошта шуда, дар муҳлатҳои наздиктарин мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушду инкишоф, корҳои ободонӣ ва беҳтар намудани шароитҳои кории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вақтҳои охир даҳҳо иншооти нав бунёд гардида, бо воситаҳои техникаи муосир ва дигар лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






