Суғд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 3014,8млн. сомонӣ расид
Душанбе, 10.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар даҳ моҳи соли равон аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 3014,8 млн. сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бо назардошти индекси нархҳо 130,8 фоизро ташкил дода, ба маблағи 717,2 млн. сомонӣ зиёдтар маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, аз 550 корхонаи саноатӣ 225 корхона вусъати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуд. Тибқи нақшаи амал соли 2014 бояд 160 корхонаи нав бо теъдоди 5 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта шавад. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 129 корхонаи нави хурду бузург, бо теъдоди 2600 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Гуфта мешавад,ки корхонаҳои таъсисшуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмон, хӯрокӣ, сабук ва маъданҳои кўҳиро дар бар мегиранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






