Суғд: Боздошти қӯруқшикан бо 800 кг моҳӣ

Декабрь 18, 2014 10:06

Хуҷанд, 18.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз аз тарафи кормандони милитсияи экологии ВКД дар вилояти Суғд миқдори зиёди моҳие, ки ғайриқонунӣ сайд шудааст, мусодира шуд, ки он мебоист ба шаҳри Душанбе интиқол мешуд. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз шуъбаи назорати экологии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, зимни баргузории як чорабинии ҳуқуқии кормандони шуъбаи милитсияи экологии вилояти Суғд сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ ошкор шуд. Ба гуфти манбаъ, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд зимни боздошти мошини тамғаи “Toyota-sluff”, аломати қайди давлатиаш ЕЕ 41-11 01 РТ, ки таҳти идораи ронанда Хуррам Раҳматов, сокини ноҳияи Варзоб қарор дошт, аз дохил ва бағоҷи он миқдори зиёди намудҳои гуногуни моҳӣ дарёфт гардид. Аз рӯи нишондоди ронанда моҳиҳо ба ӯ таалуқ надошта, номбурда ҳамчун кирокаш буда, вазифаи ӯ танҳо дастрас намудани моҳиҳо будааст. Моҳиҳои мусодирашуда 800 кг вазн дошта, ба шаҳрванд Фарҳод Абдуалиев, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодом тааллуқ доштанд. Номбурда дар давоми як ҳафта ғайриқонунӣ ин миқдор моҳиро дар мавзеи обанбори Қайроққум тавассути тӯри моҳидорӣ сайд намудааст. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ зарари ба муҳити зист расида наздик ба 9 000 сомонист. Дар айни ҳол аз рӯи далели мазкур нисбат ба шаҳрванд Ф.А. тадбирҳо барои оғози парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 230 -и КҶ ҶТ, яъне сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ андешида шуда, таҳқиқи маводи мазкур дар пешбурди кормандони милитсия қарор дорад.

Декабрь 18, 2014 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!